Philips PerfectCare Performer GC8755/80 User Manual page 153

Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 3
Дарзмолкунии амудӣ
Огоҳӣ: Аз дарзмол буғи гарм мебарояд. Ҳеҷ гоҳ кӯшиш накунед, ки қатҳои либосро дар тани
касе, ки онро пӯшидааст рост кунед (Рас. 13). Буғро ба сӯи худ ва дасти дигарон равона накунед.
Шумо метавонед буғи дарзмолро дар ҳолати амудӣ барои нест кардани қатҳо аз матоъҳои овезон
истифода баред.
1 Дарзмолро дар ҳолати амудӣ нигоҳ доред, триггери буғро пахш кунед ва бо кафи дарзмол ба
либос каме ламс кунед ва ба пешу қафо ҳаракат диҳед (Рас. 14).
Истироҳати бехатар
Ҳангоми ҷобаҷогузории либосатон дарзмолро истироҳат кунонед
Ҳангоми ҷобаҷогузории либос шумо метавонед дарзмолро дар лавҳаи оҳанӣ ё ба таври уфуқӣ дар
тахтаи дарзмол гузоред (Рас. 2). Технологияи OptimalTEMP кафолат медиҳад, ки каф сарпӯши тахтаи
дарзмолро вайрон намекунад.
Сарфаи қувва
Ҳолати Eсо
Бо истифода аз реҷаи ЭКО (буғи камшуда), шумо метавонед энергияро бидуни таъсир ба натиҷаи
дарзмол сарфа кунед.
1 Барои фаъол гардонидани ҳолати ECO, тугмаи ECO-ро пахш кунед (Рас. 15). Чароғи сабзи ECO
фурӯзон мешавад.
2 Барои ғайрифаъол кардани ҳолати ECO, тугмаи ECO -ро дубора пахш кунед. Чароғи сабзи ECO
хомӯш мешавад.
Хомӯшкунии худкор (танҳо намудҳои мушаххас)
-
Барои сарфаи энергия, дастгоҳ ба таври худкор хомӯш мешавад, агар он ба муддати 5 дақиқа
истифода нашавад. Чароғи хомӯшавии худкор дар тугмаи фурӯзон/ хомӯш кардан ба дурахшидан
оғоз мекунад.
-
Барои дубора фаъол кардани дастгоҳ, тугмаи фурӯзон/хомӯшро пахш кунед. Таҷҳизот сипас, боз
ба гармшавӣ оғоз мекунад.
Огоҳӣ: Ҳеҷ гоҳ ҳангоми пайваст будан ба шабака дастгоҳро беназорат нагузоред. Пас аз
истифода ҳамеша дастгоҳро аз барқ ҷудо кунед.
Тозакунӣ ва нигоҳдорӣ
Системаи Smart Calc-Clean
Дастгоҳи шумо бо системаи Smart Calc-Clean тарҳрезӣ шудааст, то ки мунтазам тозакунӣ ва тоза
кардан аз карахш амалӣ шавад. Ин барои нигоҳ доштани кори пурқуввати буғ кӯмак мекунад ва
баромадани чирк ва доғҳоро бо мурури замон аз кафи дарзмол пешгирӣ мекунад. Барои таъмини он,
ки раванди тозакунӣ иҷро карда шавад, дастгоҳ мунтазам ёдраскуниҳо медиҳад.
Ёдраскунии садо ва чароғи Calc-Clean
Пас аз 1 то 3 моҳи истифода, чароғи Calc-Clean чашмак мезанад ва дастгоҳ садо медиҳад, то нишон
диҳад, ки шумо бояд раванди Calc-Clean-ро иҷро кунед (Рас. 16).
Ғайр аз ин, қадами дуюми муҳофизатӣ барои муҳофизат кардани дастгоҳ аз карахш интегралӣ
карда шудааст: функсияи буғ дар сурати анҷом наёфтани тозакунии карахш ғайрифаъол мешавад
(Рас. 17). Пас аз тоза кардани карахш, функсияи буғ барқарор мешавад. Ин новобаста аз намуди оби
истифодашаванда сурат мегирад.
Тоҷикӣ
155

Advertisement

Table of Contents
loading

Table of Contents