Download Print this page

Philips PerfectCare PSG9030/20R1 User Manual page 211

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 4
Функсияи тақвияти буғ
Функсияи тақвияти буғ барои қатҳои душвор тарҳрезӣ шудааст.
-
Триггери буғро дубор тез пахш кунед то функсияи тақвияти буғро
фаъол кунед. Таҷҳизот 3 зарбаи пурқуввати буғро мебарорад (Рас. 16).
Дарзмолкунии амудӣ
Аз дарзмол буғи гарм мебарояд. Дарзмол кардани либос бевосита ба
болои шахс манъ аст. Буғро ба сӯи худ ва дасти дигарон равона накунед.
Шумо метавонед дарзмолро дар ҳолати амудӣ барои нест кардани қатҳо аз
матоъҳои овезон истифода баред.
1
Дарзмолро дар ҳолати амудӣ нигоҳ доред, триггери буғро пахш кунед
ва бо кафи дарзмол ба либос каме ламс кунед (Рас. 17).
Эзоъ: Барои бехатарии шумо, дарзмолкунии амудӣ дар ҳолати
интеллектуалии таъминоити буғ ба таври худкор дастрас нест.
Танзимоти MAX
Барои миқдори зиёди буғ, шумо метавонед танзимоти MAX -ро истифода
баред.
1
Тугмаи фурӯзон/хомӯшро дар тӯли 2 сония пахш карда нигоҳ доред, то
чароғи MAX равшан нашавад (Рас. 18).
Эзоъ:Дар танзимоти Max, дастгоҳи шумо ҳамеша миқдори максималии
буғро медиҳад, дар ҳоле ки ҳарорат то ҳол ба таври худкор танзим
мешавад.
2
Дастгоҳ пас аз 15 дақиқа ба таври худкор ба ҳолати буғии муқаррарӣ
бармегардад, то энергия сарфа шавад.
3
Барои мустақиман хомӯш кардани танзимоти MAX дар вақти дилхоҳ, то
хомӯш шудани нури MAX тугмаи фурӯзон/хомӯшро 2 сония пахш карда нигоҳ доред.
Хомӯшкунии худкор
-
Барои сарфаи энергия, дастгоҳ ба ҳолати интизорӣ медарояд, агар он
4-5 дақиқа истифода нашавад. Чароғи тугмаи фурӯзон/ хомӯш кардан
ба дурахшидан оғоз мекунад (Рас. 19).
-
Барои дубора фаъол кардани дастгоҳ, тугмаи фурӯзон/хомӯш ё
триггери буғро пахш кунед. Таҷҳизот боз ба гармшавӣ оғоз мекунад.
-
Агар дастгоҳ пас аз ворид шудан ба ҳолати интизорӣ 10 дақиқаи дигар
истифода нашавад, он ба таври худкор хомӯш мешавад. Чароғак дар
тугмаи фурӯзон/хомӯш мешавад.
ТОҶИКӢ
213
16
2x
17
18
2 sec
19

Advertisement

loading

This manual is also suitable for:

Perfectcare 9000 series