Download Print this page

Philips PerfectCare PSG9030/20R1 User Manual page 209

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 4
Эзоъ: Барои бори аввал истифода бурдан, тавсия медиҳем, ки пеш аз ба кор андохтани дастгоҳ
барои фаъолияти оптималӣ дарзмолро дар болои тахтаи дарзмолкунӣ ҷойгир кунед.
Аз заминаи маҳсулоти шумо садо баланд мешавад, зеро об барои тавлиди буғ кашида мешавад.
Чароғи ҳушдори сатҳи пасти об
Вақте ки зарфи об қариб холӣ шуд, чароғи ҳушдори сатҳи пасти об ба чашмак задан сар мекунад.
Зарфи обро пур кунед ва триггери буғро пахш кунед, то дастгоҳ дубора гарм шавад. Вақте ки
чароғи "нишондиҳандаи омодагии дарзмол" пайваста фурӯзон мешавад, шумо метавонед дарзмол
кардани буғиро идома диҳед.
Истифодаи дастгоҳи шумо
Технологияи ActiveSense
Дастгоҳи шумо дорои ActiveSense, аввалин технология дар ҷаҳон барои муайян
кардани навъи матоъ бо дарзмол, мебошад. Он бо зеҳни сунъӣ кор мекунад, ки
матоъҳоро ҳангоми дарзмол кардан бо камераи дарунсохт шинохта, ҳарорат
ва миқдори буғро ба таври худкор танзим мекунад. Шумо инчунин метавонед
дарзмолатонро дар тахтаи дарзмолкунӣ бе хатари сӯхтан гузоред.
Технологияи ActiveSense ба шумо имкон медиҳад, ки ҳама гуна матоъҳои
дарзмолшавандаро бо тартиби дилхоҳ бидуни танзим кардани ҳарорати
дарзмол, дарзмол кунед.
Нишондиҳандаи омодагии дарзмол вобаста ба танзими ҳарорат / буғ
(мутаносибан барои чароғак муқаррарӣ ва баланд) бо чароғаки кабуд
ё сафеди пайваста равшан шавад, ки аз рӯи намуди матои ошкоршуда
муайян карда мешавад.
Матоъҳо бо ин рамзҳо дарзмолшавандаанд (Рас. 9),масалан катон, пахта,
полиэстер, абрешим, пашм, вискоза ва абрешими сунъӣ.
Эзоъ: Расмҳоро дар матоъ дарзмол накунед, ҳатто агар матоъи гирду
атрофаш дарзмолшаванда бошад.
Баъзе матоъҳои нозук ва ҷавоҳирот (ба монанди замша, пилтабахмал,
қисмҳои металлӣ ва пулакчаҳои рахшон) тавсия дода мешаванд, ки
дарзмолро дар масофаи дуртар аз матоъ нигоҳ дошта, дармолкунии буғӣ
карда шаванд.
Матоъҳо бо ин рамз дарзмолшавандаанд (Рас. 10). Ба ин матоъҳо матоъҳои
синтетикӣ ба монанди Спандекс ё эластан, Матоъҳои омехтаи Спандекс ва
полиолефинҳо дохил мешаванд.
Ҳангоми дарзмол кардан шумо метавонед дарзмолро ба пояааш ё ба
таври уфуқи ба тахтаи дарзмолкунӣ гузоред. Ба туфайли технологияи
ActiveSense, кафи поёни он ғилофи тахтаи дарзмолкуниро вайрон
намекунад (Рас. 11).
Эзоъ: Ҳангоме ки дарзмол ба муддати тӯлонӣ истироҳат мекунад,
каме буғ мушоҳида мешавад. Ин муқаррарӣ аст, бо ин роҳ, система
ҳарорати оптималии ягонаи кафро нигоҳ медорад. Ҳангоми ин раванд
"нишондиҳандаи омодагии дарзмол" бо чароғаки кабуд чашмак
мезанад.
Эзоъ: Кӯшиш кунед ба тарафи пеши дарзмол даст нарасонед, зеро он
гарм мешавад.
ТОҶИКӢ
211
9
10
11

Advertisement

loading

This manual is also suitable for:

Perfectcare 9000 series