Philips PerfectCare PSG7014/10 User Manual page 129

Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 4
Тоҷикӣ
131
Муқаддима
Шуморо барои харид табрик мегӯем ва ба Philips хуш омадед! Барои пурра истифода
бурдан аз дастгирие, ки Philips пешниҳод мекунад, маҳсулоти худро дар он сабти ном кунед
www.philips.com/welcome.
Пеш аз истифода бурдани дастгоҳ ин дастури корбар, варақаи иттилооти муҳим ва дастури оғози
зудро бодиққат хонед. Онҳоро барои истинод дар оянда захира кунед.
Тавсифи маҳсулот (Рас. 1)
1 Шланги таъмини буғ
2 Триггери буғ/Тақвияти буғ
3 Нишондиҳандаи "омодагии дарзмол"
4 Лавҳаи металлӣ
5 Пояи дарзмол
6 Тугмаи нигоҳдорандаи қулф
7 Зарфи оби ҷудошаванда
8 Сӯрохӣ барои пур кардани моеъ
9 Ҷойгоҳи нигоҳдории шланги таъминот
10 Клапани EASY DECALC
11 Сими барқ бо васл
12 Чароғи EASY DECALC
13 Чароғаки "холигии зарфи об"
14 Тугмаи фурӯзон/хомӯш бо чароғи фурӯзон ва хомӯши худкор
Омодагӣ ба истифода
Навъи об барои истифода
Ин дастгоҳ барои истифода бо оби лӯла пешбинӣ шудааст. Вале, агар шумо дар минтақаи дорои
оби сахт зиндагӣ кунед, ҷамъшавии карахш метавонад зуд ба амал ояд. Аз ин рӯ, барои дароз
кардани мӯҳлати истифода аз оби тозашуда ё минерализатсияшуда тавсия дода мешавад (50% оби
деминерализатсияшуда/оби тозашудаи омехта низ метавонад истифода шавад).
Огоҳӣ: Оби хушбӯй, оби хушккунак, сирко, крахмал, маводҳо барои тозакунӣ аз карахш,
асбобҳои дарзмолкунӣ, оби кимиёвӣ ва дигар моддаҳои кимиёвиро илова накунед, зеро ин
метавонад боиси шоридани об, доғи қаҳваранг ё вайрон шудани дастгоҳи шумо гардад.
Пур кардани зарфи об
Пеш аз ҳар истифода ё ҳангоми дурахшидани чароғаки "холигии зарфи об" зарфи обро пур кунед.
Шумо метавонед зафри обро дар вақти дилхоҳ ҳангоми истифодабарӣ аз нав пур кунед.
1 Зарфи обро аз дастгоҳ хориҷ кунед (Рас. 2) ва онро бо об то нишондоди MAX пур кунед (Рас. 3).
2 Қисмати поёнии онро аввал ба дастгоҳ ҷойгир карда, зарфи обро дубора ба дастгоҳ гузоред.
3 Қисми болоии зарфи обро то он даме ки дар ҷои худ ҷойгир шавад, ворид кунед ('шумо овози
клик мешунавед') (Рас. 4).
Чароғаки холигии зарфи об
Вақте ки зарфи об қариб холӣ шуд, чароғи ҳушдори "холигии зарфи об" ба чашмак задан сар
мекунад (Рас. 5). Зарфи обро пур кунед ва триггери буғро пахш кунед, то дастгоҳ дубора гарм шавад.
Вақте ки чароғи "нишондиҳандаи омодагии дарзмол" пайваста фурӯзон мешавад, шумо метавонед
дарзмол кардани буғиро идома диҳед.

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Perfectcare 7000 seriesPerfectcare psg7024/20

Table of Contents