Мувофиқат - Philips AVENT Premium Plus SCF392 Instructions Manual

Single/double electric breast pump
Hide thumbs Also See for AVENT Premium Plus SCF392:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Гармкунии шири сина
Агар шумо шири яхкардаро истифода баред, имкон диҳед, ки пеш аз гармкунӣ он пурра об шавад.
Тавзеҳ: Агар ба шумо лозим бошад, ки кӯдакро зуд ғизо диҳед, шумо метавонед ширро дар косаи
оби гарм об кунед.
Шишаро бо шири синаи обшуда ё яхкардашуда дар косаи оби гарм ё дар гармкунаки шиша гарм
кунед. Ҳалқаи маҳқамкунанда ва диски ҷафскунандаро аз шиша ҷудо кунед.
Диққат: Тавсия дода намешавад, ки шумо барои гарм кардани шири сина аз
танӯри кутоҳмавҷ истифода баред. Мавҷҳои кӯтоҳ метавонанд сифати шири синаро
тағйир диҳанд ва баъзе моддаҳои ғизоии арзишмандро нобуд созанд, ва ҳарорати
баланди маҳаллиро ба вуҷуд оранд. Агар шумо шири синаро дар танӯри кутоҳмавҷ
гарм кунед, танҳо худи зарфро бе ҳалқаи маҳқамкунанда, пистонак ва сарпӯш ба
танӯри кутоҳмавҷ ҷойгир кунед. Ҳамеша шири синаи гармро омехта кунед, то ки
гармии онро яксон паҳн карда шавад ва пеш аз ғизодиҳӣ ҳароратро тафтиш кунед.
Интихоби пистонаки дуруст барои кӯдаки шумо
Барои намоиши суръати ҷараён, пистонакҳои «Philips Avent Natural» дар паҳлу ба таври возеҳ
рақамгузорӣ карда шудаанд. Барои гирифтани маълумоти бештар, ба сомонаи
www.philips.com/avent гузаред.
Нигоҳдории шишаҳо
-
Ҳамаи қисмҳоро дар дарбаргирандаи тоза, хушк ва пӯшида нигоҳ доред.
-
Пистонаки ғизодиҳиро дар зери шуоъи мустақими офтоб ё гармӣ нагузоред ё дар маҳлулҳои
тамизкунӣ ба муддати зиёда аз вақти тавсияшуда нагузоред, зеро ки ин метавонад ба маҳсул
зарар расонад.
-
Бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тавсия медиҳем, ки пистонакҳоро пас аз 3 моҳ иваз
кунед.
Мувофиқат
Насоси синаи барқии яктарафа/дутарафаи «Philips Avent» бо силсилаи «Premium Plus» ба ҳар гуна
шишаҳои кӯдаконаи «Philips Avent Natural» ва ҷомҳои гармдиҳии «Philips Avent Storage» мувофиқат
мекунад. Мо тавсия намедиҳем, ки шумо шишаҳои «Philips Avent Natural Glass»-ро бо насоси сина
истифода баред.
Пистонакҳои «Philips Avent Natural» бо суръати ҷараёни гуногун дастрасанд.
Насоси сина бо пистонаки рақами 1 меояд. Ин пистонаки 0м+ мебошад, ки
барои кӯдакони навзод ва кӯдакони синамак, новобаста аз синну сол,
мувофиқ аст.
Агар кӯдаки шумо зуд-зуд нафас кашад, ё агар ҳангоми ғизодиҳӣ шир аз
даҳонаш чакад, ё агар натавонед, ки суръати нӯшидани ширро муайян
кунед, суръати ҷараёни сустро истифода баред. Агар кӯдаки шумо ҳангоми
ғизодиҳӣ хоб кунад, рӯҳафтода шавад ё ғизодиҳӣ хеле тӯл кашад, суръати
ҷараёни баландтарро истифода баред.
Тоҷикӣ
191

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Avent premium plus scf394

Table of Contents