Philips AVENT Premium Plus SCF392 Instructions Manual page 175

Single/double electric breast pump
Hide thumbs Also See for AVENT Premium Plus SCF392:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
-
Пеш аз истифодаи аввалин ва пас аз ҳар як истифода, ҳамаи қисмҳоро безарар ва тамиз кунед.
-
Барои тоза кардани қисмҳои насоси сина, аз маводҳои тозакунии пурзӯр ва зиддибактерия
истифода набаред, зеро ки ин метавонад вайроншавиро ба вуҷуд орад.
-
Барои пешгирӣ кардани сирояткунӣ, пеш аз расидани даст ба қисмҳои насоси сина ва синаи худ,
дасти худро бо собун ва об бодиққат шӯед. Ба сатҳи дохилии дарбаргиранда ё сарпӯш даст
нарасед.
Огоҳӣ барои пешгирӣ кардани мушкилоти сина ва нӯги сина, аз ҷумла дард:
-
Агар диафрагмаи силикон вайроншуда ё кандашуда бошад, насоси синаро истифода набаред.
Барои ба даст овардани қисмҳои эҳтиётӣ, ба банди «Фармоиши лавозимот ва қисмҳои эҳтиётӣ»
нигаред.
-
Танҳо аз лавозимот ва қисмҳо истифода баред, ки аз тарафи «Philips Avent» тавсия дода
мешаванд.
-
Дар дохили блоки муҳаррики насоси сина ягон қисме, ки бояд бо истифодабаранда нигоҳубин
карда шавад, вуҷуд надорад.
-
Ягон дигаргунсозии насоси сина иҷозат дода намешавад. Агар ҳамин кор кунед, кафолати шумо
бекор карда мешавад.
-
Ҳеҷ гоҳ насоси синаро ҳангоми хоб ё хоболудӣ истифода набаред, то ки ҳангоми истифодаи
дастгоҳ диққати худро гум накунед.
-
Пеш аз он ки шумо корпуси насосро аз синаатон ҷудо мекунед, ҳамеша насоси синаро хомӯш
кунед, то ки фазои холӣ озод карда шавад.
-
Агар вакуум боиси нороҳатӣ ё дард шавад, насоси синаро хомӯш кунед ва аз синаи худ ҷудо
намоед.
-
Агар ҳангоми ширдӯшӣ ба ягон натиҷа муяссар нашавед, истифодаи насоси синаро дар як вақт
зиёда аз панҷ дақиқа идома надиҳед. Кӯшиш кунед, ки дар давоми рӯз дар вақти дигар шир дӯшед.
-
Агар раванди ширдӯшӣ боиси нороҳатии барзиёд ё пурдард шавад, истифодаи насосро қатъ
кунед ва ба мутахассиси тандурустӣ муроҷиат намоед.
Огоҳиҳо барои пешгирӣ кардани вайроншавӣ ё кори нодурусти насоси сина:
-
Таҷҳизоти ҳамлпазири интиқоли басомади радиоӣ (RF) (бо дарназардошти телефонҳои мобилӣ ва
дастгоҳҳои ҷонибӣ, монанди симҳои мавҷгир ва мавҷгирҳои берунӣ) бояд дар масофаи кам аз
30 cm нисбат ба ягон қисми насоси сина, аз он ҷумла адаптер, истифода бурда нашавад. Ин
метавонад ба самаранокии кори насоси сина таъсири манфӣ расонад.
-
Ин таҷҳизот дар якҷоягӣ ё дар назди таҷҳизоти дигар бояд истифода бурда нашавад, зеро ки он
метавонад боиси кори нодуруст шавад.
Огоҳӣ барои пешгирӣ кардани густариши мавҷҳои электромагнитӣ ё заифшавии муҳофизати
дастгоҳ аз мавҷҳои электромагнитӣ ва натиҷаи кори нодурусти дастгоҳ:
-
Ҳамеша танҳо аз адаптер ё сими зарядгирие, ки бо дастгоҳ таъмин карда шудааст, истифода
баред.
Дастурҳо оид ба бехатарии батарея
-
Маҳсулро танҳо барои мақсадҳои пешбинишуда истифода баред. Пеш аз истифода бурдани
маҳсул, батареяҳо ва лавозимоти он, ин маълумоти муҳимро мутолиа кунед ва барои муроҷиати
оянда нигоҳ доред. Истифодаи нодуруст метавонад хатарҳо ва зарарҳои ҷиддиро ба вуҷуд орад.
Лавозимоти таъминшаванда барои маҳсулоти гуногун фарқ мекунад.
-
Барои заряд кардани батарея, танҳо аз адаптери ҷудошаванда (S009AHz050yyyy), ки бо маҳсул
таъмин шудааст, истифода баред: Сими дарозкуниро истифода набаред.
-
Маҳсулро дар ҳудуди ҳароратҳои аз рӯи ҷадвали тавсифи техникии ин дастури корбар бо барқ пур
кунед, истифода баред ва нигоҳ доред.
-
Маҳсул ё батареяҳоро аз оташ дур нигоҳ доред ва онҳоро ба шуоъи мустақими офтоб ё
ҳароратҳои баланд нагузоред.
Тоҷикӣ
175

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Avent premium plus scf394

Table of Contents