Маълумоти Муҳими Бехатарӣ - Philips AVENT Premium Plus SCF392 Instructions Manual

Single/double electric breast pump
Hide thumbs Also See for AVENT Premium Plus SCF392:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Тоҷикӣ
174
 
Маълумоти муҳими бехатарӣ
Пеш аз истифода бурдани насоси сина, ин дастури корбариро мутолиа кунед ва барои муроҷиати
оянда нигоҳ доред.
Шумо инчунин метавонед ин дастури корбарро дар сомонаи «Philips Avent» пайдо кунед:
www.philips.com/avent.
Ин маҳсул аз ҷониби худи зани ширдеҳ идора карда мешавад.
Шумо метавонед ин насоси синаро дар муҳити ҳаррӯза истифода баред.
Баёноти зид
- Ҳеҷ гоҳ насоси синаро дар давраи ҳомиладорӣ истифода набаред, зеро ки
ҳавасмандкунӣ метавонад боиси таваллуди бармаҳал гардад.
Диққат
Огоҳиҳо оид ба пешгирӣ кардани нафастангӣ, фишордиҳӣ ва ҷароҳат:
- Ба кӯдакон ё ҳайвоноти хонагӣ иҷозат надиҳед, ки онҳо бо блоки муҳаррик,
адаптер, маводҳои бастабандӣ ё лавозимот бозӣ кунанд.
- Ҳамеша насоси синаро пас аз истифода ё ҳангоми гирифтани заряди пурра аз
манбаи барқ ҷудо намоед. Агар насоси синаро истифода набаред, онро дар анбор
нигоҳ доред.
-
Истифодаи ин насоси сина барои истифода бо шахсони (аз он ҷумла кӯдакон) дорои қобилияти
ҷисмонӣ, ҳассосӣ ё мантиқии маҳдуд, одамони бетаҷриба ё бехабар пешбинӣ нашудааст. Чунин
шахсон, ба тариқи истисно, метавонанд аз ин насоси сина истифода баранд, агар онҳо дар зери
назорат бошанд ё агар онҳо дар бораи истифодаи таҷҳизот аз шахсе, ки барои бехатарии чунин
шахсон масъул мебошад, дастури махсусро гирифтанд.
Огоҳӣ барои пешгирӣ кардани интиқоли бемориҳои сироятӣ:
-
Агар шумо модаре бошед, ки гирифтори гепатити В, гепатити С ё вируси норасоии масунияти
бадан (ВНМО) мебошед, дӯшидани шири сина хатари интиқоли вирусро ба кӯдаки шумо тавассути
шири синаи модар хатарро кам ё бартараф намекунад.
Огоҳиҳо оид ба пешгирӣ кардани зарбаи барқ:
-
Пеш аз ҳар як истифода насоси синаро, аз он ҷумла адаптер, барои аломатҳои вайроншавӣ
тафтиш кунед. Насоси синаро истифода набаред, агар адаптер ё барқваслак вайрон шуда бошад, ё
агар он дуруст кор накунад ё агар он ба об афтода ё зери об монда бошад.
-
Танҳо адаптерро (S009AHz050yyyy) истифода баред, ки бо ин насоси сина таъмин карда шудааст.
-
Ҳамеша мутмаин шавед, ки ҳангоми кори нодурусти дастгоҳ, ҷудо кардани он аз манбаи барқ осон
аст. Барои хомӯш кардани дастгоҳ, адаптер бояд ба назар гирифта шавад.
Огоҳиҳо оид ба пешгирӣ кардани сирояткунӣ ва таъмин намудани гигиенаи шахсӣ:
-
Бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, насоси сина бояд танҳо бо як истифодабаранда
истифода карда шавад.

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Avent premium plus scf394

Table of Contents