Philips AVENT Premium Plus SCF392 Instructions Manual page 195

Single/double electric breast pump
Hide thumbs Also See for AVENT Premium Plus SCF392:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Носозӣ
Ман ягон ҷаббишро ҳис
намекунам/дараҷаи
ҷаббиш хеле паст аст.
Ҷаббиши насоси сина
хеле сахт аст.
Вақте ки ман насоси
синаамро истифода
мебарам, ман кам шир
медиҳам ё тамоман
намедиҳам.
Вақте ки ман насоси
синаро пас аз нигоҳдорӣ
фаъол мекунам, он
дарҳол кор намекунад.
Дар экран аломати «Er»
нишон дода мешавад ва
дастгоҳ ба таври худкор
хомӯш мешавад.
Ҳалли мушкилот
-
Ба қадри имкон, дараҷаи ҷаббиши баландро кӯшиш кунед.
-
Санҷед, ки диафрагмаи силикон ба таври дуруст васл карда шудааст
(«Ҷамъкунии насоси сина»-).
-
Санҷед, ки сарпӯши сафед вайроншуда намебошад ва ба таври дуруст
васл карда шудааст («Ҷамъкунии насоси сина»-).
-
Санҷед, ки қисмҳои дигари насоси сина вайроншуда намебошанд ва
ба таври дуруст васл карда шудаанд («Ҷамъкунии насоси сина»-).
-
Мутмаин шавед, ки насоси сина дар нӯги сина ба таври дуруст ҷойгир
карда шудааст, то ки насоси сина бо сина бе фосила пайваст шавад.
-
Агар шумо то ҳол ягон ҷаббишро ҳис накунед, лутфан, бо Маркази
хизматрасонии истеъмолкунандагон тавассути сомонаи
www.philips.com/support дар тамос шавед.
-
Ба қадри имкон, дараҷаи ҷаббиши пастро кӯшиш кунед. Вақте ки
шумо бори аввал ширдӯшӣ мекунед, аз дараҷаи ҷаббиши пешфарз
оғоз кунед (дараҷаи 5 дар реҷаи ҳавасмандгардонӣ, дараҷаи 11 дар
реҷаи ширдӯшӣ) ва дар ҳолати зарурӣ, дараҷаи ҷаббишро
баланд/кам кунед. Дар давоми равандҳои ширдӯшии гуногун,
дараҷаҳои гуногун метавонанд барои шумо беҳтар мутобиқ шаванд.
-
Мутмаин шавед, ки шумо танҳо аз қисмҳои насоси сина истифода
мебаред, ки бо ин насоси сина таъмин карда шудаанд.
-
Тафтиш кунед, ки диафрагмаи силикон вайрон нашудааст (тарқишҳои
хурд, сӯрохиҳо ва ғ. надорад).
-
Агар мушкилӣ ҳал нашавад, бо Маркази хизматрасонии
истеъмолкунандагон тавассути сомонаи www.philips.com/support
дар тамос шавед.
-
Агар шумо ҷаббиши кофиро ҳис накунед, лутфан, аз рӯи дастури
«Ман ягон ҷаббишро ҳис намекунам/дараҷаи ҷаббиш хеле паст аст»
мушкилиро ҳал намоед.
-
Агар шумо аз насоси синаи «Philips Avent» бори аввал истифода
баред, шояд пеш аз он ки тавонед ширдӯшӣ кунед, ба шумо каме
машқ лозим аст. Маслиҳатҳои бештар оид ба ширдӯшӣ метавонед
дар сомонаи Philips бо нишонии www.philips.com/mybreastpump
пайдо намоед.
-
Мутмаин шавед, ки батарея заряди пурра («Заряд кардани насоси
сина»-) дорад ё насоси синаро ба барқваслаки деворӣ пайваст кунед.
-
Эҳтимол аст, ки шумо насоси синаро дар ҳарорати пасттар аз
ҳарорати ҳадди ниҳоии нигоҳдорӣ ё болотар аз ҳадди ниҳоии
нигоҳдорӣ нигоҳ доштаед. Бигзор насоси сина дар як ҳуҷра бо
ҳарорати 20 °C ба муддати 30 дақиқа мутобиқ шавад, то ки ҳарорати
он ба ҳарорати корӣ (аз 5 °C то 40 °C) мувофиқ шавад.
-
Агар шумо аз насоси сина бо қувваи батарея истифода баред, имкон
диҳед, ки он 30 дақиқа сард шавад ва кӯшиш кунед, ки онро аз нав
фаъол кунед.
-
Агар шумо аз насоси сина бо адаптери ба барқваслаки деворӣ
пайвастшуда истифода баред, санҷед, ки шумо аз адаптери бо дастгоҳ
таъминшуда истифода баред.
-
Агар мушкилӣ ҳал нашавад, бо Маркази хизматрасонии
истеъмолкунандагон тавассути сомонаи www.philips.com/support
дар тамос шавед.
Тоҷикӣ
195

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Avent premium plus scf394

Table of Contents