Philips Azur Elite GC5030 Series User Manual page 125

Hide thumbs Also See for Azur Elite GC5030 Series:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 4
Тоҷикӣ
128
Quick Calc Release (Танҳо намудҳои мушаххас)
МУҲИМ: Quick Calc Release ҳангоми дарзмолкунӣ зарраҳои карахшро ба таври худкор ҷамъ мекунад.
Пас аз 1 то 3 моҳи истифода, чароғи Calc-Clean чашмак мезанад, то ба шумо хабар диҳад, ки функсияи
Quick Calc Release-ро истифода баред (Рас. 2-1). Ин барои хориҷ кардани карахши ҷамъшуда дар
дарзмол пешбинӣ шудааст, то мӯҳлати хизматрасонии дарзмоли шумо дароз шавад. Вақте ки чароғи
ёдрасии Calc-Clean медурахшад, дарзмол гарм намешавад.
Маслиҳат: Функсияи Quick Calc Release метавонад дар вақти дилхоҳ истифода шавад, ҳатто вақте ки
чароғ ҳанӯз фаъол нашудааст. Агар шумо дар як минтақаи бо оби сахт зиндагӣ кунед, ин функсияро
зуд-зуд истифода баред.
Ҳангоми гарм будани дарзмол функсияи Quick Calc Release-ро иҷро накунед. Ба сӯрохии Quick
Calc Release об нарезед.
1 Дастгоҳро аз барқ ҷудо кунед (Рас. 2-2) ва боварӣ ҳосил намоед, ки дастгоҳ хунук аст (Рас. 2-3).
2 Дастгоҳро дар ҳолати амудӣ дар болои дастшӯяк нигоҳ доред.
3 Фишанги коллектори Quick Calc Release-ро бардоред (расми 2-4) ва коллекторро берун кашед
(расми 2-5).
4 Коллектори Quick Calc Release-ро бо об тоза кунед (Рас. 2-6, Рас. 2-7).
5 Дастгоҳро оҳиста такон диҳед, то ки зарраҳои карахш ба берун афтанд (Рас. 2-8).
6 Коллектори Quick Calc Release-ро ба дастгоҳ монед (Рас. 2-10).
7 Барои бастани коллектор фишангро зер кунед («садои кликро мешунавед») (Рас. 2-11).
Calc-Clean (танҳо намудҳои мушаххас)
МУҲИМ: Пас аз 1 то 3 моҳи истифода, чароғи Calc-Clean чашмак мезанад, то ба шумо хабар диҳад,
ки функсияи Calc-Clean-ро истифода баред (Рас. 3-1). Ин барои хориҷ кардани карахш аз дарзмол
пешбинӣ шудааст, то мӯҳлати хизматрасонии дарзмоли шумо дароз шавад.
Маслиҳат: Функсияи Calc-Clean метавонад дар вақти дилхоҳ истифода шавад, ҳатто вақте ки чароғ
ҳанӯз фаъол нашудааст. Агар шумо дар як минтақаи бо оби сахт зиндагӣ кунед, ин функсияро зуд-зуд
истифода баред.
1 Боварӣ ҳосил кунед, ки слайдери буғӣ ба ҳолати "дарзмолкунии бе буғ" таъин шудааст.
2 Боварӣ ҳосил кунед, ки дар зарфи об миқдори кофии об (зиёда аз 3/4) мавҷуд аст. Агар ба
миқдори кофӣ об набошад, дарзмолро аз барқ ҷудо кунед, обро то нишондиҳандаи MAX пур
кунед (Рас.3-2) ва дарзмолро ба қувваи барқ дубора пайваст кунед (Рас.3-3).
Ба зарфи об сирко ё дигар маводҳои тозакунӣ аз кархшро нагузоред.
3 Интизор бошед, то дарзмол гарм шавад. Ин тақрибан 2 дақиқа мегирад (Рас.3-3).
Эзоҳ: чароғи ёдрасии Calc-Clean ҳангоми гармкунӣ хомӯш мешавад.
4 Вақте ки нишондиҳандаи омодагии дарзмол дурахшиданро қатъ мекунад, дарзмолро аз барқ ҷудо
кунед. (Рас. 3-4).
5 Дарзмолро дар болои дастшӯяк нигоҳ доред. Тугмаи Calc-Clean-ро кунед ва дарзмолро то тамом
шудани об дар зарфи об ба пеш ва қафо ларзонед (Рас. 3-5).
Ҳангоми тоза кардани карахш аз пояи зер, ҳамчунин буғ ва оби ҷӯшон берун меояд.
Эзоҳ:Қадамҳои аз 2 то 5-ро такрор кунед, агар обе, ки аз дарзмол берун меояд, то ҳол заррачаҳои
қарахш дошта бошад.
6 Дастгоҳро ба барқ пайваст кунед ва бигзоред, ки дастгоҳ гарм шавад, то пояи онро хушк кунад. Ин
тақрибан 2 дақиқа мегирад (Рас.3-6).
7 Дастгоҳро аз барқ ҷудо кунед. Дарзмолр оҳиста ба болои як порча матоъ гузоред, то доғҳои об дар
пояи зер тоза кунед (Рас. 3-7).

Hide quick links:

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Azur elite gc5034/20

Table of Contents