Philips One HY1200 Manual page 121

Hide thumbs Also See for One HY1200:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Шарҳ: Барои комилан бо барқ пур кардани
батарея ин метавонад то 8 соат вақтро гирад,
аммо шумо метавонед чӯткаи дандоншӯиро то
анҷоми зарядгирии пурра истифода баред.
Ҳангоми сафар
Шарҳ: Вобаста аз гунаи чӯткаи дандоншӯии
харидшуда, чӯткаи «Philips One» дорои қуттии
сафарӣ ё сарпӯши сафарӣ мебошад, то тавонед
чӯткаи дандоншӯии худро ҳангоми сафар ё дар
вақти байни истифода дар он нигоҳ доред.
Қуттии сафар
Чӯткаи дандоншӯии «Philips One»-и худро бо
мӯйякҳояш ба поён ба қуттии сафарӣ ҷойгир
кунед. Сарпӯши қуттии сафариро ҷафс маҳкам
кунед.
Барои гирифтани чӯткаи дандоншӯии «Philips One»
аз қуттии сафарӣ, қадамҳои зеринро иҷро кунед:
1 Сарпӯши қуттии сафариро оҳиста ҷудо карда,
кушоед.
2 Ҳангоми ба даст гирифтани ҳар дуи тарафи
қуттии сафарӣ, пояи чӯткаи дандоншӯиро зер
кунед (Расм 7).
3 Чӯткаи дандоншӯӣ мебарояд. Чуткаи
дандоншӯиро бароварда гиред.
Сарпӯши сафарии сараки чӯтка
Сараки чӯткаи «Philips One»-ро бо мӯйякҳояш ба
боло ба дохили ғилофи сараки қуттии сафарӣ
ҷойгир кунед. Ҳар ду тарафи сарпӯшро пахш
карда, маҳкам кунед (Расм 8).
Барои гирифтани сарпӯши қуттии сафарии сараки
чӯтка:
1 Мутмаин шавед, ки сарпӯш рӯяш ба боло ва
дастак ба тарафи шумо ҷойгир шудааст.
2 Ҳар ду тарафи сарпӯшро бо ду даст гирифта,
тарафи рости сарпӯшро ба поён кашида, бо
дасти дигар тарафи чапро оҳиста ба самти
ақрабак тоб дода, кушоед (Расм 9).
Истифодаи чӯткаи дандоншӯии
«Philips One»
Агар шумо ин чӯткаи дандоншӯиро бори аввал
истифода баред, одатан, шумо нисбат ба
истифодаи чӯткаи дандоншӯии одӣ ларзиши
зиёдро ҳис мекунед. «Philips One» ба шумо барои
бо эҳтиёт тоза кардани дандонҳо кумак расонида,
аз ларзишҳои хурд истифода мебарад. Лутфан,
барои таҷрибаи беҳтарин дастурҳои дандоншӯии
зеринро риоя кунед.
«Philips One» ба шумо барои тоза кардани тамоми
даҳон кумак расонида, дорои «SmarTimer» ва
«QuadPacer» мебошад.
SmarTimer
«SmarTimer» чӯткаи дандоншӯиро ба таври худкор
дар анҷоми ҳар як давраи дандоншӯӣ хомӯш
карда, бо 3 садо нишон медиҳад, ки давраи
2-дақиқаи дандоншӯии шумо ба анҷом расид.
Шарҳ: Дандонпизишкон тавсия медиҳанд, ки шумо
бояд на кам аз 2 дақиқа ду маротиба дар як рӯз
дандоншӯӣ кунед.
QuadPacer
«QuadPacer» вақтсанҷи фосилавӣ мебошад, ки
шуморо бо садо ҳар 30 сония хотиррасон мекунад,
то шумо даҳони худро ба 4 қисм тақсим карда,
мунтазам тоза намоед (Расм 10).
Дандоншӯиро дар қисми 1 (берун аз дандонҳои
боло) сар кунед ва ба муддати 30 сония пеш аз
гузариш ба қисми 2 (дохили дандонҳои боло) тоза
кунед. Дандоншӯиро дар қисми 3 (берун аз
дандонҳои поён) сар кунед ва ба муддати 30 сония
пеш аз гузариш ба қисми 4 (дохили дандонҳои
поён) тоза кунед.
Шарҳ: Агар шумо тугмаи фаъолсозиро пас аз оғози
давраи дандоншӯӣ пахш кунед, чӯткаи дандоншӯӣ
таваққуф карда мешавад. Паз аз 30 сония
«SmarTimer» ва «QuadPacer» аз нав танзим карда
мешавад.
Дастурҳои тозакунӣ
Лутфан, барои таҷрибаи беҳтарин дастурҳои
дандоншӯиро риоя кунед.
1 Лифи чӯткаро тар кунед ва ба он миқдори ками
хамираи дандоншӯиро молед.
2 Лифҳои чӯткаро ба дандонҳо дар кунҷи хурд
(45 дараҷа) (Расм 11) ҷойгир кунед, фишори
нармро истифода баред, то ки лифҳо ба хати
милки дандон ё каме зери хати милки дандон
расанд.
Шарҳ: Мӯйякҳои чӯтка бояд каме васеъ шаванд.
3 Барои фаъол кардани чӯткаи дандоншӯӣ
тугмаи фаъолсозиро пахш кунед.
4 Дандонҳои худро бо ҳаракатҳои ҳамвори пасу
пеш тоза кунед, то ки лифҳои чӯтка байни
ҳамаи дандонҳо гузарад. Ба қисми дигар
гузаред, вақте ки «QuadPacer» садо медиҳад. Ин
ҳаракатро дар тамоми давраи 2-дақиқаи
дандоншӯӣ идома диҳед.
5 Барои тоза кардани сатҳҳои дарунии
дандонҳои пеш, дастаки чӯткаро ба самти
амудӣ хам кунед ва якчанд ҳаракати ҳамворро
ба боло ва поён иҷро намоед (Расм 12).
6 Пас аз анҷом додани давраи дандоншӯӣ, шумо
метавонед вақти иловагиро барои тоза
кардани сатҳи хояндаи дандонҳо ва ҷойҳое, ки
дар он доғҳо пайдо мешаванд, истифода баред
(Расм 13). Шумо инчунин метавонед ба таври
дилхоҳ забони худро бо чӯткаи дандoншӯии
фаъол ё ғайрифаъолшуда тоза кунед.
Чӯткаи дандоншӯии электрикии шумо барои
истифода дар брекетҳо (лифҳои чӯтка ҳангоми
истифода дар брекетҳо тез фарсуда мешаванд) ва
таъмири дандонҳо (пломбаҳо, ғилофакҳо,
винирҳо) бехатар аст, агар онҳо ба таври дуруст
гузошта шудаанд ва вайроншуда намебошанд.
Агар ягон мушкилӣ ба миён ояд, лутфан, аз
дандонпизишк маслиҳат гиред.
Ҳолати батарея
Ин чӯткаи дандоншӯии «Philips One» пас аз
зарядгирии пурра дар муддати 8 соат, ақаллан
барои таъмини 60 ҷаласаи дандоншӯӣ
барномарезӣ карда шудааст. Ин заряди қофӣ
имкон медиҳад, то тавнед чӯткаро ба муддати 1
моҳ истифода баред, агар дандонҳои худро дар як
рӯз ду маротиба тоза намоед (ҳар як ҷаласа ба
муддати 2 дақиқа).

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Sonicare one hy1200Sonicare one hy1200/25Sonicare one hy1200/26

Table of Contents