Тоҷикӣ - Philips XB9185 Manual

Hide thumbs Also See for XB9185:
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Муқаддима
Табрик барои харид ва хуш омадед ба Philips! Барои гирифтани ҳамаи фоидаҳо аз дастгирие, ки
Philips пешниҳод мекунад, маҳсули худро дар www.philips.com/MyVacuumCleaner ба қайд гиред.
Маълумоти муҳими бехатарӣ
Пеш аз истифода бурдани таҷҳизот, ин маълумоти муҳимро мутолиа кунед ва барои муроҷиати оянда
нигоҳ доред.
Хатар
-
Ҳеҷ гоҳ об ё ягон моеъи дигар, моддаҳои оташангез ё хокистари гармро бо чангкашак накашед.
Огоҳӣ
-
Пеш аз пайваст кардани таҷҳизот санҷед, ки агар волтажи муайяншуда дар таҷҳизот ба волтажи
маҳаллии асосӣ мутобиқ бошад.
-
Таҷҳизотро истифода набаред, агар вилка, сими барқ ё худи таҷҳизот вайроншуда бошад.
-
Агар симӣ барқ вайроншуда бошад, барои истифодаи бехатарии таҷҳизот, сим бояд аз тарафи
Philips иваз карда шавад, яъне аз тарафи маркази хизмартасонии расмии Philips ё мутахассиси
расмӣ.
-
Шланг, қубур ё ягон лавозимоти дигарро ба чашм, гӯш ё даҳон нарасед.
-
Пеш аз тозакунӣ ё нигоҳдории таҷҳизот, онро аз бастагоҳ (розетка) ҷудо намоед.
-
Таҷҳизотро дар ҷойи пайваст ё васл бо трансформатор истифода набаред, зеро ки ин метавонад
ҳолатҳои хатарнокро ба вуҷуд орад.
-
Ин таҷҳизот метавонад бо кӯдакони 8-сола ё калонтар истифода шавад ва бо одамон бо қобилияти
ҷисмонӣ, ҳассосӣ ё мантиқии маҳдудшуда, ё бе таҷриба ё донистани таҷҳизот истифода шавад,
агар чунин одамон дар зери назорат мебошанд ё дар бораи истифодаи таҷҳизот ба таври бехатар
дастуреро гирифтанд ва хатарҳои имконпазирро мефаҳманд. Кӯдакон бояд бо таҷҳизот бозӣ
накунанд. Тозакунӣ ё нигоҳдории корбарӣ бояд бе назорати калонсолон бо кӯдакон иҷро нашавад.
-
Чангкашак танҳо барои истифода дар дохили хона пешбинӣ карда шудааст. Чангкашакро барои
тоза кардани партовҳои сохтмонӣ, чанги семент, хокистар, реги хурд, оҳак ва моддаҳои монанд
истифода набаред. Ҳеҷ гоҳ чангкашакро бе ягон филтр истифода набаред. Ин метавонад
муҳаррикро вайрон кунад ё муҳлати кори чангкашакро кутоҳ намояд. Ҳамаи қисмҳои чангкашакро
аз рӯи дастури корбарӣ тоза намоед. Ягон қисмро бо об ё омилҳои тозакунӣ тоза накунед, агар ин
маврид дар дастури корбарӣ махсусан нишон дода нашудааст.
Диққат!
-
Агар шумо филтри тозашавандаро бо об шӯед, мутмаин шавед, ки он пеш аз гузоштан ба таҷҳизот
комилан хушк карда шуд. Филтрро дар шуоъи мустақими офтоб, радиатор ё хушккунаки либос хушк
накунед. Филтри тозашавандаро иваз намоед, агар онро дигар ба таври зарурӣ тоза карда
натавонед ё агар он вайрон шуда бошад.
-
Барои кафолати ҷамъкунии чанг ва кори самаранокии чангкашак дар ҳадди аксар, ҳамеша
филтрҳоро бо филтрҳои аслии Philips дар навъи мувофиқ иваз намоед ('Фармоиши лавозимот'-ро
бинед).
-
Соплои «TriActive LED» дорои чароғакҳои LED мебошад. Ба манбаи чароғ рост нигоҳ накунед
(Расм 1).
-
Чароғи LED-ро рост ба чашмони одам ё ҳайвонот рӯшноӣ надиҳед.
-
Соплоро бо об ё ягон воситаи тозакунӣ тоза накунед.
Тоҷикӣ
Тоҷикӣ
25

Hide quick links:

Advertisement

Table of Contents
loading

Table of Contents