Philips AVENT Plus SCF391 User Manual page 152

Single/double electric breast pump
Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Тоҷикӣ
152
-
Барои тоза кардани қисмҳои насоси сина, аз маводҳои тозакунии пурзӯр ва зиддибактерия
истифода набаред, зеро ки ин метавонад вайроншавиро ба вуҷуд орад.
-
Барои пешгирӣ кардани сирояткунӣ, пеш аз расидани даст ба қисмҳои насоси сина ва синаи худ,
дасти худро бо собун ва об бодиққат шӯед. Ба сатҳи дохилии дарбаргиранда ё сарпӯш даст
нарасед.
Огоҳӣ барои пешгирӣ кардани мушкилоти сина ва нӯги сина, аз ҷумла дард:
-
Агар диафрагмаи силикон вайроншуда ё кандашуда бошад, насоси синаро истифода набаред.
Барои ба даст овардани қисмҳои эҳтиётӣ, ба банди «Фармоиши лавозимот ва қисмҳои эҳтиётӣ»
нигаред.
-
Танҳо аз лавозимот ва қисмҳо истифода баред, ки аз тарафи «Philips Avent» тавсия дода
мешаванд.
-
Дар дохили блоки муҳаррики насоси сина ягон қисме, ки бояд бо истифодабаранда нигоҳубин
карда шавад, вуҷуд надорад.
-
Ягон дигаргунсозии насоси сина иҷозат дода намешавад. Агар ҳамин кор кунед, кафолати шумо
бекор карда мешавад.
-
Ҳеҷ гоҳ насоси синаро ҳангоми хоб ё хоболудӣ истифода набаред, то ки ҳангоми истифодаи
дастгоҳ диққати худро гум накунед.
-
Пеш аз он ки шумо корпуси насосро аз синаатон ҷудо мекунед, ҳамеша насоси синаро хомӯш
кунед, то ки фазои холӣ озод карда шавад.
-
Агар вакуум боиси нороҳатӣ ё дард шавад, насоси синаро хомӯш кунед ва аз синаи худ ҷудо
намоед.
-
Агар ҳангоми ширдӯшӣ ба ягон натиҷа муяссар нашавед, истифодаи насоси синаро дар як вақт
зиёда аз панҷ дақиқа идома надиҳед. Кӯшиш кунед, ки дар давоми рӯз дар вақти дигар шир дӯшед.
-
Агар раванди ширдӯшӣ боиси нороҳатии барзиёд ё пурдард шавад, истифодаи насосро қатъ
кунед ва ба мутахассиси тандурустӣ муроҷиат намоед.
Огоҳиҳо барои пешгирӣ кардани вайроншавӣ ё кори нодурусти насоси сина:
-
Таҷҳизоти ҳамлпазири интиқоли басомади радиоӣ (RF) (бо дарназардошти телефонҳои мобилӣ ва
дастгоҳҳои ҷонибӣ, монанди симҳои мавҷгир ва мавҷгирҳои берунӣ) бояд дар масофаи кам аз
30 cm нисбат ба ягон қисми насоси сина, аз он ҷумла адаптер, истифода бурда нашавад. Ин
метавонад ба самаранокии кори насоси сина таъсири манфӣ расонад.
-
Ин таҷҳизот дар якҷоягӣ ё дар назди таҷҳизоти дигар бояд истифода бурда нашавад, зеро ки он
метавонад боиси кори нодуруст шавад.
Огоҳӣ барои пешгирӣ кардани густариши мавҷҳои электромагнитӣ ё заифшавии муҳофизати
дастгоҳ аз мавҷҳои электромагнитӣ ва натиҷаи кори нодурусти дастгоҳ:
-
Ҳамеша танҳо аз адаптер ё сими зарядгирие, ки бо дастгоҳ таъмин карда шудааст, истифода
баред.
Диққат!
Огоҳиҳо барои пешгирӣ кардани вайроншавӣ ё кори нодурусти насоси сина:
-
Адаптер ва блоки муҳаррики дастгоҳро ба об нагузоред.
-
Ҳеҷ гоҳ блоки муҳаррик ё адаптерро ба об ё мошини зарфшӯйӣ нагузоред, зеро ки об метавонад
боиси вайроншавии доимии ин қисмҳо шавад.
-
Адаптер ва қубурчаи силиконро аз ягон сатҳи тафсон дур нигоҳ доред, то ки ин қисмҳо аз ҳад зиёд
гарм нашаванд ва тағйир наёбанд.

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Avent plus scf393

Table of Contents