Saeco SM6685/00 User Manual page 685

Table of Contents

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 6
2 Вақте ки экрани фаъолсозӣ пайдо мешавад, нишони тасдиқиро
экранро риоя намоед.
Ивазкунии полои обии «AquaClean» (5 дақиқа)
Пас аз он ки 95 литри об тавассути поло гузаронида мешавад, поло аз кор мебарояд. Вақте ки
нишондиҳандаи вазъияти «AquaClean» то 0% мерасад, ки шумо бояд полоро иваз намоед. Агар шумо
полои обии «AquaClean»-ро дар вақташ иваз накунед , шумо то ҳол метавонед полоро иваз кунед,
аммо аввал шумо бояд дастгоҳро аз оҳаксанг тоза намоед.
Вақте ки нишондиҳандаи вазъияти «AquaClean» то 0% мерасад ё вақте ки дастгоҳ барои ивазкунии
полои «AquaClean» шуморо огоҳ мекунад:
1 полои обии «AquaClean»-и куҳнаро гирифта бароред.
2 аз рӯи дастури банди «Фаъолсозии полои обии AquaClean», полои навро насб карда, фаъол созед
(5 дақиқа).
Полои обии «AquaClean»-ро ақаллан ҳар 3 моҳ иваз намоед, ҳатто агар дастгоҳи қаҳва ивазкунии
полоро нишон надиҳад.
Ҷудокунӣ ва воридкунии гурӯҳи тайёркунии
қаҳва
Аз рӯи экран ба менюи «Вазъият» гузаред ва «Тозакунии гурӯҳи тайёркунии қаҳва»-ро интихоб кунед ё
барои гирифтани маводи дастгирии видеоӣ оид ба ҷудокунӣ, воридкунӣ ва тозакунии гурӯҳи
тайёркунии қаҳва, ба сомонаи www.saeco.com/care гузаред.
Ҷудокунии гурӯҳи тайёркунии қаҳва аз дастгоҳ
1 Обдонро ҷудо кунед ва даричаи хизматиро кушоед (Расм 13).
2 Дастаки PUSH-ро пахш кунед (Расм 14) ва дастаки гурӯҳи тайёркунии қаҳваро кашед, то он аз
дастгоҳи қаҳва ҷудо карда шавад (Расм 15).
Вақте ки шумо гурӯҳи тайёркунии қаҳваро аз дастгоҳ ҷудо мекунед, мутмаин шавед, ки табақча
барои қатраҳо ва қуттии дурдаи қаҳваро холӣ намоед.
Аз нав ворид кардани гурӯҳи тайёркунии қаҳва
Пеш аз дубора ворид кардаин гурӯҳи тайёркунии қаҳва ба дастгоҳ, боварӣ ҳосил кунед, ки
ҷойгиршавии он дуруст аст.
1 Боварӣ ҳосил кунед, ки ҷойгиршавии гурӯҳи тайёркунии қаҳва дуруст аст. Тирчаи устувонаи зард
дар паҳлуи гурӯҳи тайёркунии қаҳва бояд нисбати тирчаи сиёҳ ва N (Расм 16) баробар бошад.
-
Агар онҳо баробар набошанд, фашангро ба поён таконед, то он ба пойгоҳи гурӯҳи тайёркунии
қаҳва расад (Расм 17).
2 Гурӯҳи тайёркунии қаҳваро ба дохили дастгоҳи қаҳва ворид кунед, то он мувофиқи хатҳои
равонкунанда дар ҳар ду паҳлу (Расм 18) бо овози қулф ҷои худро гирад (Расм 19). Тугмаи PUSH-ро
пахш накунед.
3 Даричаи хизматиро пӯшед ва обдонро ба ҷояш гузоред.
Тозакунӣ ва нигоҳубин
Дастгоҳи қаҳва маслиҳат медиҳад, ки кадом вақт шумо бояд тозакунӣ ва нигоҳдории дастгоҳро иҷро
намоед.
Тоҷикӣ
аз нав пахш кунед. Дастурҳои
685

Advertisement

Table of Contents
loading

This manual is also suitable for:

Granaroma deluxe

Table of Contents