Download Print this page

Хусусиятҳо Ва Танзимот; Баландии Садо; Равшанӣ - Philips AVENT SCD831 Manual

Hide thumbs Also See for AVENT SCD831:

Advertisement

Available languages
  • EN

Available languages

  • ENGLISH, page 1
Хусусиятҳо ва танзимот
Баландии садо
1
20°C
Равшанӣ
1
20°C
Шумо метавонед баландии садои воҳиди волидайнро то дараҷаи
дилхоҳ танзим намоед.
1 Барои танзим кардани баландии садо, қисми боло ё поёни тугмаи
идоракуниро пахш намоед.
Маслиҳат: Мутмаин шавед, ки баландии садо ба шароити ҷорӣ
мувофиқат мекунад. Дар шароити сермағал ҳушдори ларзишӣ
инчунин метавонад фаъол карда шавад.
Барои намоиш додани баландии садои интихобшуда, навори
баландии садо дар экран пайдо мешавад.
Шарҳ: Агар баландии садо то дараҷаи баландтарин танзим карда
шавад, воҳиди волидайн қувваи барқи зиёдро масраф мекунад.
Шарҳ: Вақте ки навори баландии садо дар дараҷаи пасттарин
мебошад, баландии садо хомӯш мешавад. Воҳиди волидайн
нишони «Бесадо»-ро дар навори вазъият нишон медиҳад ва шумо
танҳо ҳушдорҳо ва видеоро аз воҳиди волидайн қабул мекунед.
Шумо метавонед равшании экрани воҳиди волидайнро то дараҷаи
дилхоҳ танзим намоед.
1 Барои танзим кардани равшании экрани воҳиди волидайн, қисми
чап ва рости тугмаи идоракуниро пахш намоед.
Барои намоиш додани равшании интихобшудаи экран, навори
равшанӣ дар экран пайдо мешавад.
Шарҳ: Агар равшанӣ то дараҷаи баландтарин танзим карда
шавад, воҳиди волидайн қувваи барқи зиёдро масраф мекунад.
- Тоҷикӣ 233 -

Advertisement

loading

This manual is also suitable for:

Avent scd833Avent scd835Avent scd835/52